Кучо васфи Ту меорам ба чо ман,ё Расулаллох, Калам очиз мемонад ба васфат,ё Расулаллох. Даруни кулбаи эхзон ба ёди рут менолам, Ки шояд як назар сози ба суям,ё Расулаллох. Сарам дар болини маргу,забонам лол мегардад, Ба номи Ту шавад бурро,забонам ё Расулаллох. Куртаи беостин пушам,замони рафтан аз дунё, Савори аспи чубинам,бигир дастам,ё Расулаллох. Барандам суи гуристон,чудо аз хешу аз дустон, Ба зери хок танхоям,шафоат кун,ё Расулаллох. Даруни гури торик,ду малак пурсанд динат чист, Бигуям дини ман Ислом,гувохам ё Расулаллох. Ба рузи хашр бардорам,сар аз хоки лахад,ё Раб, Ачаб шарманда хастам ман ба наздат,ё Расулаллох. Хама во нафс мегуяд,ба холи хеш саргардон, Кучо ёбам дар он соат,Туро