ҒАМГИН МАБОШ
Ғамгин мабош, ки ту фақир ҳастиву сарвати кам дорӣ, зеро ба гайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман тиккаи ноне надорад, қарзи зиёд бар гарданаш бору хонаашро фурӯхта бесаробон аст.
Агар ту маркаб ё мошини гаронбаҳо надорӣ ва аз ин пайвасл а ғам мехӯрй, бидон, ки ба ғайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман пой надорад. Ва ё пой дораду фалаҷ аст, роҳ гашта наметавонад.
Агар туро боре бемории кӯчак як лаҳза азиятат дод, бидон, ки нафаре низ ҳаст, ки якумр аз бистари беморй нахестааст.
Агар фарзанди писар надорӣ ва аз ин ғам мехурй, бидон, ки афроде низ ҳаст, ки дар орзуи нохуни фарзанд як умр зор аст, умуман фарзанд надорад.
Агар аз офате ё беморие фарзанди ту мурд, бидо