Инсон аз марг мегурезад ва чун бемор шавад аз тарси он, ки мабодо бимирад, дарҳол худро муолиҷа мекунад. Ҷое, ки эҳсос мекунад буи марг меояд, он ҷо по намегузорад. Вале марг аз роҳи дигар ворид мешавад. Ҳар қадар доно бошӣ , марг аз ту боҳуштар аст. Ҳар қадар саркаш ва пулдор бошӣ марг корашро мекунад. У ҳаргиз дари хонаеро ба нияти иҷоза гирифтан намезанад. Ҳеҷ мониа ва деворе садди роҳи у намешавад ва пораҳам қабул намекунад. Кафил намехоҳад. Раҳм бар хурду бузург намекунад. Ришва қабул намекунад.Супориш ва амри касеро намепазирад. Лаззатҳоро аз байн мебарад ва амали инсонро қатъ мекунад. У ҳақ аст. У меҳмоне аст, ки бехабар бар хона дохил мешавад.Мақому мансабро ба дигарон медиҳад. Инсон