ЗИНДА БОШ, АЙ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ! Точикистон, мехри покат дар дилу чони ман аст, Офтоби шуълапошат сон бар сад гулшан аст. Мехри поки мардумат мехри бузурги модарон, Мардуми мехмоннавозат фахри даврони ман аст. Точикистон кишвари бузургест, ки саропо мехрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Мехри бузурги ин сарзамин хар як инсони асилро дар дилу дар чон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, окилону фарзонагон ва шухратмандони шухратёр аз кабили Турсунзодаву Миршакар, Лоики роздону нуктафахм ва амсоли ин садхо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Точикистон макони бузургону сарзамини фархангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо хамаи бузургихояш мардуми Сугду Хатлон