Дар дўстдории Паёмбар (с). Паёмбари Худо боре бемори бистари гардиданд. Бемори бадани муборакашонро хаставу бехаракат сохта буд. Пас, Абубакр(р) ба хонаи он хазрат(с) бахри аёдати Паёмбари Худо омад. Ваќте Паёмбари Худоро ба чунин хол дид, Абубакр (р) хеле зиёд ѓамгин гашт. Баъди бозгашт ба хонааш аз ѓаму андўхи бемории Паёмбари Худо бемор гардиданд. Чун Паёмбари Худо аз бемории худ шифо ёфтанд ва шуниданд, ки Абубакр(р) бемор аст, ба аёдаташ омаданд. Чун Абубакр(р) Паёмбари Худоро сихату саломат диданд, хушхол гардиданд, ки Расули акрам(с) шифо ёфтаанд ва мулоќоти он хазрат(с) Абубакр (р)-ро ќуввате бахшид, ки ба сабаби дидори он хазрат, сихат шуданд. Абубакр(р) дар васфи ин мухаббати худ н