Яке аз некиҳои ислом ва дастуроти он дар
мавриди гузашт ва саҳлангори бо мардум ин
аст, ки ҳар гоҳ чизҳои зараровареро ҳаром
карда бошад дар муқобили он чизи дигареро
ки беҳтар ва муфидтар аз он аст ҳалол
намуда ки ҷои онро бармеканад ва муҷиби
бениёзӣ аз он мегардад. Худованд риборо
ҳаром намудааст вале дар ивазаш тиҷоратро
ҳалол намудааст, зино ва ливота дар ислом
ҳаром мебошад вале дар муқобил издивоҷи
ҳалолро бар мусалмон сафориш намудааст.
Агар бо диққат тамоми аҳком ва дастуроти
исломро мавриди барраси қарор диҳем
мебинем ҳаргоҳ Худованд бо ҳаром намудани
амри зарароваре ки барои инсон тангноие ба
вуҷуд