ДАР БУХОРОЮ САМАРҚАНД
Дар Бухорои шариф чанде касиф
Мактаби тоҷикиро дар бастаанд.
Махзани тоҷикро дуздидаанд,
Муҳраи тоҷикро бишкастаанд.
Дар Самарқанди самарманд
Аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд,
Гардани торихро бишкастаанд,
Синаи торихро бибридаанд.
Дар Самарқанду Бухорои шариф бар тоҷикон
Дода бас асноди қалби зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи ориён
Захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.
Дар Самарқанду Бухоро
Нӯш шуд дар коми тоҷик нештар.
Лаб фурӯ барбаста аз лафзи дарӣ,
Тоҷики дилреш шуд дилрештар.
Дар Бухорое, ки гуфта Мавлавӣ:
“Ин Бухоро манбаи дониш бувад”
Баъди Мавлоно чӣ гӯям, эй дареғ,
Ин Бухоро маншаи нолиш бувад...
Дар Самарқанди самархези адаб,
Шеъри тоҷик камсамар шуд.
Мурдани тоҷик ин ҷо зиндагист