Ба Самандар, ки ба маргаш ҳеҷ боварам намеояд....😭
Ба боғи зиндагоният расид пойи хазон, афсӯс,
Хазон гаштиву рафтӣ з-ин ҷаҳони бекарон, афсӯс.
Намебинам кунун дар мулки сармо рӯйи гарматро,
Зи чашми аҳли ёрони дилат гаштӣ ниҳон, афсӯс.
Умеду орзуят буд, ки гардӣ як табиби хуб,
Нагаштӣ пайрави Синои ҳозиқи замон, афсӯс.
Надидӣ андар ин умре, ки ҳаждаҳ сол гардид пур,
Шаби васли дилатро бо диле чун дигарон, афсӯс.
Ба худ бурдӣ аз ин дунёи бемеҳреву пурғавғо,
Даруни қалби пурмеҳрат ҳазорон ормон, афсӯс.
Чунон сахт аст гум кардан ба дунё нури чашматро,
Насиби волидонат шуд чунин бори гарон, афсӯс.
Манзуриддини Саид
19.12.2022