Дар сина маро ғайри ту ҳамхона касе нест,
В-ар ҳаст бурун аз дили девона касе нест.
Дил арчи ба танг аст зи ағёр, ки имрӯз
Ҷуз ёр дар ин манзили вайрона касе нест.
Дар дида туӣ мардумак, он рух зи ки пӯшӣ,
Дар хона чу аз мардуми бегона касе нест.
Зулфат ба дари дил чӣ нишастаст, чу дил рафт,
Ин ҳалқа задан чист, чу дар хона касе нест.
Ин ҷурм, ки ошиқ зи ту хурсанд ба сӯз аст,
Бо шамъ чи гӯем чу парвона касе нест.
То чашми ту бар гӯшанишинон назаре кард,
Дар савмиа бе наъраи мастона касе нест.
Май нӯш, Камол, аз лаби соқӣ, ки