Қавли Худованди азза ва ҷалла: «Дар ҳоле, ки медонед, барои Худованд ҳамтоёне қарор мадиҳед» (Бақара: 22)
1.Аз Абдулло (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсидам: Кадом гуноҳ аз гуноҳон бузургтар аст? Фармуданд: «Ин, ки барои Худованд ҳамтое қарор бидиҳӣ, дар ҳоле, ки ӯ туро халқ кардааст.» Гуфтам: Ба ростӣ, ин гуноҳи бузурге аст. Ва гуфтам: Баъд аз он кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуданд: «Ин, ки фарзандатро аз тарси ин, ки мабодо бо ту нон бихӯрад, ба қатл бирасонӣ. Гуфтам: Баъд аз он кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуданд: «Ин, ки бо зани ҳамсояат зино кунӣ.»
Қавли Худованди азза ва ҷалла: «Абрро бар шумо соя қарор додем ва манн ва салворо барои шумо