Cоати 3-и шаб занги телефон мешавад. Писар гўшаки телефонро мебардорад. Дар гўшаки телефон садои модар мебарояд, фарзандам саломатият хуб аст?
Фарзанд:- хубам, ягон коре шудааст?
Модар: - Ҳеҷ гап нест, танҳо хостам, овозатро шунавам.
Фарзанд гуфт:- Модар барои овози маро шунидан дар нисфи шаб занг мезанӣ?
Модар пурсид:- нороҳат кардам магар?
Фарзанд: - Бале, нороҳат кардӣ.
Модар гуфт, писарам 22 сол қабл, ту ҳам маро нороҳат карда будӣ, зодрўзат муборак.
Писар ба худ омаду гуфт: Мебахшед модарҷон!
Модар бо садои ҳамеша меҳрубонаш гуфт:- ҳеҷ гап не писарам, шаб ба хайр, ором бихоб.
Аммо хоб аз чашмони писар парид ва шаб дар назараш ба сол табдил шуда буд. Саҳар шуд писар ба сўйи х