Мефитам
дар чоҳи ғам дар хона вақте нестӣ,
Мехӯрам заҳри ситам
дар хона вақте нестӣ.
Меравад
аз обу нону хони ман лаззат дигар,
Талх
гардад гулкарам дар хона вакте нестӣ.
Бе
ту якранг аст оҳангу навои зиндагӣ,
Во
дареғу во алам дар хона вақте нестӣ.
Шодии
бо ҳам нишастан лаҳзае ҷоно хуш аст,
Бе
ту нагзорам қадам, дар хона вакте нестӣ.
Хомаам
ҳам мекунад эҳсос ин дарди маро,
Ашк
мерезад қалам, дар хона вақте нестӣ.
Мезанам
пар-пар чу мурғи паршикаста гирди хеш,
Талх
гирям сад рақам дар хона вақте нестӣ.
Борҳо савганд хӯрдам, ки
паноҳат бар Худо,
Бишканам
садҳо қасам дар хона вақте нестӣ.
Ҳар куҷо бошӣ паёматро ба телфунам фирист:
Дӯстат
дорам санам дар хона вақте нестӣ.
Дастҳ