Биё эй дӯст, бидон қадри падарро,
Ба чашми дил нигар меҳри падарро.
Шукур ҳар дам бикун ту аз Худованд,
Бо ду дастон бигир дасти падарро.
Агар чанде, ки ҳам бад бо ту бошад,
Бибус дастонашу, бингар падарро.
Ҳеҷ гоҳ машав хашмгин зи падари худ,
Ба ҷон иззат намо доим падарро.
Макун бадном ту ӯро пеши ҳар кас,
Маёзору маранҷон, ҳеҷ падарро.
Бидони гар ту худро бандаи Ҳақ,
Ба ҷон бикун ту хизмати падарро!
Макун панди Муқимиро фаромуш,
Баъди рафтан наёби ҳеҷ падарро.