Эй дило осуда бош, гар ёр вафодори накард, Дар рахи ишку вафо,гар ёр дилдори накард. Руйи дахр бигзошт туро бо дарду гамхои зиёд. Шишаи паймон шикасту,гар шифокори накард. Эй дило осуда бош, гар дур монди аз вафо, Ки бароят руйи дахр, хеч кас гамхори накард. Савти булбулро сароянд ошикон бар дилбарон, Хеч савте дар вучудат нагмапардози накард. Эй дило то чанд гамгин,ашк дар мижгонхо, То ба кай хуноба менуши, ба рагми сад вафо, То ба кай, месузи калби зори манро хар замон, Хеч диле, чун ту ба ахдаш устувори хам накард. Калби зори интизор дар кулбаи гам офараш, Чуз гаму андуху дардаш, хеч вафодори накард...