Дар Русия, байни мардум зору ҳайрон, тоҷикам. Нест ҷои кору хобат кӯча сарсон, тоҷикам. Шаҳр рафтию ба ногаҳ ҳуҷҷатат пурсад касе, Хотири ошуфтаат гардад парешон, тоҷикам. Аз саҳар то шом меҳнат мекунӣ мардонавор. Мондагиатро нафаҳмӣ, оҳанинҷон, тоҷикам. Дар ҳама объектҳо ашки ҷабинат рехтӣ Музди коратро надодандат, пушаймон, тоҷикам. Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур. Хоби шабҳоят парад бо ёди онон, тоҷикам. Сар ба оташ мезанӣ, хоҳ оташ асту хоҳ об. Бо машаққатҳо биёбӣ бурдаи нон, тоҷикам. Тирамоҳ вақти сафар ояд туро сӯи Ватан. Мепарӣ бе болу пар бар Тоҷикистон, тоҷикам. Нестӣ танҳо, бародар, ғам махӯр, монанди ту Ман яке аз мардикорони ғазалхон, тоҷикам. Хам нагардад қоматат аз кор