Ту рафтию ба сар омад ҳама айшу сафои ман, Бизад завлонаи ғурбат қазо бар ҳар ду пои ман. Гирифтори ҳама дардам дилам аз дард месӯзад, Дар ин дунё касе чун ту намедонад давои ман. Миёни чор девори бало танҳову абгорам, Касе огаҳ намегардад зи ҳоли бе навои ман. Агарчӣ ту надонистӣ баҳову эътиборамро, Бимонӣ то дами маргам ягона бебаҳои ман. Сафову меҳрубониро магар ман бар ту кам додам, Чаро зуд аз барам рафтӣ, бигӯ эй бевафои ман. Дигар бахти ҳумоюнфар ба рӯи ман намехандад, Ғубори абри навмедӣ ҳамеша дар фазои ман. Ба чашмам гарчӣ ашке не вале чашми дилам нолон, Парешонам зи ҳиҷронат азизи камнамои ман. Табассумҳои лабҳоям гувоҳи шод будан нест, Ба қасди душманам хандам нахандад то барои м