Аз мулки гарибихо, оям ба дарат модар,
Дурам зи канори ту, оям ба барат модар.
Ман аз гами ту оча, дар сина алам дорам,
Эй чони ширини ман, курбони сарат модар.
Дар кишвари бегона сад гуна азоб дорам,
Оям ба дари хона, гирам хабарат модар.
Ту аз гами мо оча, селобаи ашк рези,
Мурдам мани дилсухта, аз чашми тарат модар.
Васфат натавонам гуфт, бо шеъру газал имрўз,
Сад сайфа китоб созам, аз як асарат модар.
Харчо, ки ту биншини, гуики асо дорам,
Харчо, ки ту по мони, бахт хамсафарат модар.