Вақте, ки танҳои танҳо бимонӣ,
Даме, ки касе ба суроғат намерасад.
Айёме, ки нафаре даратро намекубад,
Давроне, ки зори суҳбат мешавию, ҳамсуҳбате ба ту намерасад.
Замоне, ки зиндаи, вале зиндагӣ дигар тӯро эҳсос намекунад.
Он гаҳ.......
Он гаҳ мани танҳои танҳо мондаро ёд меовариву ба қадри мани танҳо мерасӣ...!
Вале аҷаб не он замон маро наёбӣ, Аҷаб не дигар набошам, то ки танҳогии туро эҳсос намояму ҷонибат бишитобам.. Танҳогии беохири туро пур созаму ба ту таскину ороми ва уммеду орзу ато бифармоям.
Аммо даме, ки ман танҳои танҳо будам, ту куҷо буди, ай танҳо мондаи танҳои ман???