МАРДЕ ГУФТ: Вақте ҳамсарамро интихоб кардам дар назарам тавре буд, ки гуё Худованд мислашро наофаридааст. Вақте фотиҳа кардем, бисёреро дидам, ки монанди у буд. Вақте издивоҷ кардем, хелеҳоро аз у зеботар дидам. Вақте, ки чанд сол бо ҳам зиндаги кардем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсарам зеботар ҳастанд. Шайх гуфт: Оё дуст дори бидони, ки аз ҳаммаи инҳо талхтару ногуворотар чист? Гуфт: Оре. Шайх гуфт: Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ куни, эҳсос хоҳи кард, ки сагҳои кучаи шумо аз онҳо зеботаранд. Мард хандиду пурсид: Чаро чунин мегуи? Шайх гуфт: Чун мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил инҷост, ки вақте инсон қалбу чашмони тамаъкор дорад, ва аз Худованд шарм надошта бошад, маҳол аст, ки ча