АЗ САҲИФАИ ДӮСТ:
ПАНДНОМА
Ба Макка гар равад зангӣ зиёрат,
Намегардад сафед ӯ баъди тоат.
* * *
Агар баҳри харе созӣ зин аз зар,
Ҳамон хар боз мемонад ҳамон хар.
* * *
Касе, ки доимо ҳарфаш дурӯғ аст,
Чароғи синаи ӯ бефурӯғ аст.
* * *
Агар пошӣ ба саҳро донаи ҷав,
Аз он дона бирӯяд сабзаи ҷав.
* * *
Касе, ки дар дилаш ишқу вафо нест,
Ба чашму оразаш нуру сафо нест.
* * *
Ҷафо созӣ агар бар мустаманде,
Ҷафо бинӣ ту ҳам аз зӯрманде.
* * *
Зи кору фикри бад доим ҷудо бош,
Ба ҳар асно ту доим бо худо бош!
* * *
Сири касро ба гӯши кас магӯ ту,
Гуноҳи худ ба пеши кас машӯ ту.
* * *
Гули саҳро надорад бӯи сунбул,
На ҳар мурғе бихонад ҳамчу булбул.
* * *
На ҳар кас мӯнису ҳамроз бошад,
На ҳар нозук