Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон монанди модар нест,нест, Чун дили модар,ки бошад дил раҳимтар нест,нест. Хоҳару додар, падар ҳам меҳрубонанду вале, Ҳамчу модар меҳрубону меҳрубонтар нест,нест. Гарчӣ офтоб мекунад гарм рӯи оламро бубин, Ин ҷаҳон бе рӯи модар боз гармтар нест,нест. Рангу бӯи ин баҳору сад гули боғи биҳишт, Мисли рангу бӯи модар дон,ки хуштар нест,нест. Лаззати дунё,ки мегӯянд зану дандон бувад, Лаззати дунё бидуни меҳри модар нест,нест. Аз ҳамон рӯзе,ки инсонроХудо халқ офарид, Гуфт аз модар туро болотар ахтар нест,нест. Эй чӣ хуш гуфти Хасан,ки модаратро дӯст дор, З-ин,ки аз модар касе бар ҷон баробар нест,нест..****