Замон вайрона асту мо з-он вайронатар гаштем, Зи найрангу ҳарромкори,биё даст каш мусалмонам. Шаробдасте,дағалдасте,ба роҳат гар дучор ояд, Зи ҳар мурдори хунхори,биё даст каш мусалмонам. Худо додаст туро ақлу фаросатҳои инсони, Зи беакли шаробхори,биё даст каш мусалмонам. Туро куштору хунрези,намебояд, аё қавмам, Зи ҳар ҷанҷоли хунбори,биё даст каш мусалмонам. Бубини марди бедину,кафолатхоҳи бадхашмро, Зи ҳар бамбуки мурдори,биё даст каш мусалмонам. Ба шаҳре,ки туйи маскан,ту беҷомаву бемадфан, Зи ночори ватандори,биё даст каш мусалмонам. Сикинхед дард туро орад,дигар Ҷамшуд туро хонад, Зи бегонапарастори,биё даст каш мусалмонам. Ба занони дигар миллат,барои мол никоҳ бастан, Зи ин кирдори ночори,биё даст каш мусалмонам. Мусалмонзодаи гар ту,мусалмони ҳидоят кун, Зи ҳар макру ҳиллакори,биё даст каш мусалмонам. Басаст,Раҳим туро имруз,дар ин бегона ҷо зистан, Зи ин дарду,зи ин хори,биё даст каш мусалмонам.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев