КИССА Марди фақире нафақаи модар, ҳамсар ва фарзандонашро ба уҳда дошт. Ӯ назди сарватманде ҳамчун хидматгор кор мекард. Дар кори худ бисёр содиқ буд ва бо беҳтарин сурат аз уҳдаи кораш мебаромад. Ин мард рӯзе ғайб заду ба кор наёмад, сардораш ба худ гуфт: аз ин пас ба ин хидматгорам маблағи зиёдтар медиҳам то аз кор наравад, чунки медонад, ки ман ба ӯ ниёз дорам ва шояд маблағи камаш додаам, ки ба кор наёмад. Вақто ки ин марди фақир баъд аз он рӯз, ки гайб зада буд дубора ба кор омад сардораш он маблағи зиёдатиеро, ки ба худаш аҳд басту буд ба ин марди фақир дод, ин марди фақир аз сардораш напурсид, ки чаро ба ман маблағи зиёдатӣ додаед? Ҳамин тавр баъд аз чанд рӯзе ин хидматгор дубора ғайб