Нигоро,ёру дилдорам ту боши,Мурод аз сайри гулзорам ту боши.Зи душман зарае боке надорам,Ба хар холе мададгорам ту боши.Чаро тарсам,сари муе зи шайтон,Агар донам,нигахдорам ту боши.кучо парво кунам аз вахми махшар,Магар чоно талабгорам ту боши.Насозам асло парвои киёмат,Агар ёри вафодорам ту боши.Надорам заррае андухи дузах,Дар он чо гар харидорам ту боши.Насузад як сари муи Чунуни,Ба ин лутф агар ёрам ту боши.