Ошик хама кас, валек Мачнун яктост,
Олам хама сангзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми бахру кулзум шур аст,
Як чашмаи кухсори мо бех з-онхост.
Шеъре, ки зи магзи дилу чон мегуям,
Оё паи умри човидон мегуям?
Дехкон на паи умри абад кишт кунад,
Ман хам сухане чу дехкон мегуям.
Афзун бувад аз савоби ман таксирам,
Хам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Харчанд ки майли ман хама бар некист,
Дар байни гуноххо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроха,
Хушбахтам аз он ки будаам ходии хеш.