Савол: – Мардро аз ҷон чӣ азизтар аст? Ҷавоб: – Диндорро дин ва бединро дирам.
Савол: – Он кадом кас аст, ки сад айб дошта бошад, бар вай айб нагиранд? Ҷавоб: – Марди сахӣ.
Савол: – Аз неъматҳои дунё чанд чиз хуштар аст? Ҷавоб: – Яке фарзанди солеҳ, дуввум: давлат аз касби ҳалол, саввум: зани неккирдор ва чаҳорум, соҳибҷамолӣ.