Булбули ишқам маро бо илми асрораш чӣ кор? Толиби дидорро бо сайри гулзораш чӣ кор? Оташе дар сина пинҳон кардаам, сӯзам бас аст, Гулхане дорам ба худ, бо гулхани нораш чӣ кор? Меравад ҳар кас ба ҳар сӯе, ки дорад муддаъо. Мақсади мо гар ба каф ояд ба бозораш чӣ кор? Ман яке гӯям, яке донам, яке хонам мудом, Дар ду олам гар яке ҷӯям ба ағёраш, чӣ кор? Ҳар чӣ пеш ояд Ҷунун аз қисмати рӯзи азал, Гар ризои Дӯст меҷӯйи ба кирдораш чӣ кор?