Аз мулки гариби даст шуед, додо,
Гулхои умеди худ бибуед, додо.
Дишаб зани хамсоя маро гуфт: «Сагир!»
Маънои сагира чист? Гуед, додо!
Мо зинда, Шумо зиндачудоед , додо,
Аз аспи гурури худ фуроед, додо.
2 духтару 2 писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо, чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам катраи обам нахаред?
1 бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуклу кабобам нахаред!
Офтоб, агар машъала афрузад чи?
Махтоб ба ман дида, агар дузад чи?
Ман мехру мухаббати Шуморо хохам,
Додо, дилатон ба ман намесузад чи?
Пойпуши ягонаам даридаст, додо,
Хуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойхои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин холи маро саге надидаст, додо