Ин дил на шишаест, ки аз санг бишканад, Ин дил на оҳанест, ки аз занг бишканад, Ин дил на барги сабз бувад, к-аз ҳавои сард Пажмурда гаштаву ба дигар ранг бишканад. Ин дил на мисраест, ки аз вазни ногувор, Ё аз фишори қофияи танг бишканад. Ин дил на хурдсол ва не солхӯрда аст, К-андар ҷабини умр чу ожанг бишканад. Ин дил дигар на содаву не зудбовар аст, К-аз ҳар фиребу фитнаву найранг бишканад. Ин дил диле бувад, ки ҳаметарсам оқибат Аз дасти ор ё зи сари нанг бишканад.