Мояи аслу насаб дар гардиши даврон зар аст,
Муттасил хун мехӯрад теғе, ки соҳибҷавҳар аст.
Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст.
Кураи асб аз наҷобат дар таоқиб меравад,
Кураи хар аз харият пеш-пеши модар аст.
Шоҳ агар муфлис шавад, қурбе надорад дар ҷаҳон,
Ахмақу нодон шуморандаш агар Искандар аст.
Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст.
Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, гарчи ӯ болотар аст.
Дуд агар боло нишинад, касри шони шуъла нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст.
Сабза помол аст дар зери дарахти мевадор,
Гарчи ин сабз асту зебо, лек он ширинтар аст.
Шасту