Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ, эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан, Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан. * * * Дилам хоҳад равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар. * * * Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд? * * * Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир, Кунун бе ту замингирам, дареғо. * * * Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам, Дуоям кун, дуоятро бигирам. Намемирӣ ту, эй модар, агар ман Барои модари миллат бимирам! * * * Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, Худои умри ман, пайға