Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар амал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол. Замин рузе кунад се бор фарёд, Чаро ту ғофили эй одамизод? Машав бар фурсати дуруза мағрур, Туро бошад дили ман хонаи гур. Ба ҳасратхо дарои дар дили ман, Ғариби оқибат дар манзили ман. Ду чашмони чаҳонбинат хурад мур, Мачоле нест то онро куни дур. Шави пусида мушти устухони, Бикун коре ки ончо дар намони! Магу ҳарфи Ч,унуни аз забон аст, Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст.