Мо ғарибонему доим ёди дӯстон мекунем, Мисли кабки дар қафас ёд аз кӯҳистон мекунем. Эй азизон дар ғариби умри мо барбод рафт, К-аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем. Ташнаи оби Ватан, чун дар биёбонем мо, Аз ғаму андуҳи ғурбат сина бирёнем мо, Бо дили пурғуссаву бо чашми гирёнем мо, К-аз Ватан дур,орзуи Тоҷикистон мекунем. Модарон бо чашми чор дар роҳи моён интизор, Ҳам падар ,бо оҳи хомуш сина бирён интизор, Хоҳарону додарон ба чашми гирён интизор, К-аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем.