Агар дунё маро номӯҳтарам бинад,Ба гуфти ҳазрати Лоиқ маро бо чашми кам бинад.Чӣ ғам бошад, ки ман шахси накӯ ҳастам,Накӯҳарфу накӯкору ва ҳам бообрӯ ҳастам.Ман аз ҷамъи ҳама шоҳони дунё беҳу болоям,Агарчи бепулу молу агар бе ганҷиДороям,Маро гарчи тамоми одами олам бигӯяд бад,Маро андар тамоми маърака созанд агарчи рад,Валекин боз дасти худ ба рӯи сина кӯбам ман,Ки хуби хуби хуби хуби хуби хубихубам ман.Агар маҳбубаи дунёпарасти ман,Ба ишқи молу мулки ин ҷаҳон афтода масти ман,Бигӯяд, эй гадои рӯи раҳ, бар ман чӣ даркорӣ,Агар вақте бароям ганҷи дунёро намеорӣ?Вале ӯ бехабар бошад, ки ман дорои дороям,Даруни қалби гарму чашми хушбин ҷовидон ҷоямВа инро нағз медонам,ки ман аз беҳтарини беҳтар