Предыдущая публикация
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
  • Главная
  • Увлечения
  • Видео
  • Группы
  • Люди
  • Публикации
  • Игры
  • Подарки
  • Поздравления
  • Помощь
  • русский
Левая колонка
Обложка профиля
Фотография от Насим Usmonov

Насим Usmonov

Последний визит: 19 дек 2025
Фотография от Насим Usmonov
Фотография от Насим Usmonov
Фотография от Насим Usmonov
Фотография от Насим Usmonov
Фотография от Насим Usmonov
Фильтр
ЗаметкиУвлечения
Насим Usmonov
12 фев 2023
Fариби,душмани ҷони ману ту,
Fариби, сӯзу ҳиҷрони ману ту.

Ба мулки ғурбати пур аз шиканҷа,
Гирифтанд аз гиребони ману ту.

Ба по рафта ба дастон хона сохтем,
Бибастанд пою дастони ману ту.

Гули боғи ватан будему аммо,
Намуда хору зиндони ману ту.

Худоё,нокасе дар мулки ғурбат,
Нарезад ашки чашмони ману ту.

Fами бечорагӣ ҳаргиз набинад,
Тамоми ёру дӯстони ману ту.

Ба ҳар як омаду ноомади кор,
Худо бошад нигаҳбони ману ту.

Худо гӯем бувад сабзу гулафшон,
Ҳамеша Тоҷикистони ману ту.

Бихон,Маҳкампурӣ дарди ғарибӣ,
Зи аҳволи парешони ману ту.
Насим Usmonov
5 авг 2022
Баьди хар-як шоми зулмон,боз меояд сахар,
Баьди хар-як талхии ком,боз мебояд шакар.

Баьди хар-як гушнаги сери биёяд аз пасаш,
Бо умеди нек ба суйи зиндаги бинмо назар.

Хамчу номи марди дори,мард бош чун номи худ!
Хеч харосидан набояд аз ягон хавфу хатар!

Бахри мо бе хикмати Рахмон наояд хеч чиз,
Шукр бинмо эй бародар,хар-чи меояд ба сар.

Модаратро-модаратро,аз тахи дил дуст дор!
Неки бинмо-неки бинмо,доимо бахри падар!

Давлати Дунёву симу зар биёби пешу-пас,
Ин ду гавхарро набитвони хари бо симу зар.

Окибат бар хок яксон мешавад чони хама,
Пас чи лозим кибр доштан,пас чи лозим карру фар?

"Аз худат монди зи Олам монди"-гуянд,рост аст!
Рузи вазнинии ту нест дар бар
Насим Usmonov
5 авг 2022
Зархаридонро ба вақту соъаташ зар мекушад,
Масти дунёро шароби талхи соғар мекушад.

Баҳри чӣ умри дарозе нест баҳри андалеб...
Андалебонро ғами ашки гули тар мекушад.

Ҷумла мардони баномуси адолатпешаро,
Таънаҳоӣ пасту номардии додар мекушад.

Ҳар сари марде ба оромӣ ниёз дорад,вале
Хонашин бошад,ғуруру кибри ҳамсар мекушад.

Ҳар-кӣ муфлис гашту баҳри доданаш пайдо накард
Дирҳаме бар соҳибонаш,тақ-тақи дар мекушад.

Ҳар ғами миллат чу тире бар дили шоир занад,
Шоиронро ғусса дар болоӣ дафтар мекушад.

Норасида бар муроди зиндагии пурситам,
Орзуҳоӣ ҷавон,марги ситамгар мекушад.

Асли имон боварию баҳри ҳар як муслиме,
Пора бинмудан қабоӣ сабзи бовар мекушад .

Ҳар касе бо ҳар сабаб
Насим Usmonov
1 авг 2022
НАШНОХТАМ.
Об гардидам зи ғам,шӯру шарар нашнохтам,
Хор гардидам,гули пеши назар нашнохтам.

Бар хабарҳоӣ дурӯғи зиндагӣ олудаам,
Ростиҳову дурӯғии хабар нашнохтам.

Модаро,аз ман хато дидӣ агар бахшо маро,
То нагардидам падар,қадри падар нашнохтам.

Дӯстони хешро додам баҳоӣ бардурӯғ,
То нагаштам дар ғарибӣ ҳамсафар,нашнохтам.

Мушкили илми ҷаҳон одамшиносӣ будааст,
Одамеро то кунун чун кӯру кар нашнохтам.

То замоне устухони ман насӯхт аз дарду ранҷ,
Чун дарахте зарбаӣ теғи табар нашнохтам.

Эй Худо бахшо гуноҳи бандаат Маҳкампурӣ,
Гоҳ аз худ рафтаму худро агар нашнохтам.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Насим Usmonov
22 июл 2022
Fам кушт маро ҳамдилу ғамхор надидам,
Дар лаҳзайи сахтӣ бари худ ёр надидам.

Беҳуда вафо кардаму беҳуда шудам дӯст,
Як дӯсти баномуси вафодор надидам.

Суде зи ман охир нарасад суд зи ман чист...
Аз бесуди ҷуз ҳолати афгор надидам.

Умрам ҳамагӣ рафт ба андешаӣ холӣ,
Чун ҳосили андешаӣ бекор надидам.

Модар,ту куҷойи,ки бигӯям ғами дилро?
Баъди сари ту ҷуз ғаму озор надидам.

Эй Зоти Бузургвор ба фарёди дилам рас,
Fайри ту нигаҳбону мададгор надидам.

Маҳкампури дар зиндагӣ мардона гиристам,
Чун кӯдакии хеш ба такрор надидам.
Насим Usmonov
2 июл 2022
Дардмандонро даво бошад Худованди Карим,
Бенавоёнро наво бошад Худованди Карим.

Раҳгумонҳое,ки андар нимаи роҳ мондаанд,
Раҳбару ҳам раҳнамо бошад Худованди Карим.

Шаб расад аз пушти ӯ субҳи сабоҳам мерасад,
Шоми зулмонро сафо бошад Худованди Карим.

Бар касе,ки сад вафо кардам ҷафо дидам зи ӯ
Ҷуз яке,ки бовафо бошад,Худованди Карим.

Баҳри ҳар як бепаноҳе мешавад пушту паноҳ,
Ҳам умеду такягоҳ бошад Худованди Карим.

Fам махур Маҳкампури аз мушкилоти зиндагӣ,
Доимо мушкилкушо бошад Худованди Карим.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

373

  • Manzur (منظور) Saidkhujaev
    Manzur (منظور) Saidkhujaev
    Барнаул
  • НИКОЛАЙ ГУЛАЕВ
    НИКОЛАЙ ГУЛАЕВ
    волоколамск
  • Зафарбек Матякубов
    Зафарбек Матякубов
  • Зам Г
    Зам Г
    г. Пласт (Пластовский район)
  • Музаффар Хамрокулов
    Музаффар Хамрокулов
    Сухум

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

Зарегистрироваться