Нидо аз осмон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ»,
Ба гӯши ҷисму ҷон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ»,
Чу панди носеҳон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ»,
Чу ҳукме бар ҷаҳон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ»,
Нидо бар ҳар ҷавон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ».
Падар ин кист, мепурсӣ ту аз ман, гар намедонӣ,
Падар ин ҳаст бар ҳар хонадон сарвар, намедонӣ,
Падар аз кулли сарварҳо бувад бартар, намедонӣ,
Ба ҳар ҳарфе, ки ман гӯям, бикун бовар, намедонӣ,
Дубора ин баён омад: «Падар розӣ-Худо розӣ».
Биёмӯзад падар моро раҳи имон, хати Қуръон,
Бихоҳад, то ки мо ёбем ризқ аз заҳмати шоён,
Бихоҳад, то ки мо ҷӯем ҳақ аз зоҳиру пинҳон,
Бихоҳад, то ки мо бошем дар дунё беҳин инсон,
Ба имон ҳаминон омад: «Падар розӣ-Худо розӣ»