Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳурон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ руйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш хамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гуёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси «авадно»-и Муҳаммад.
Тоҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм «фатаҳно»-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори киёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои