Ҳиммати зан ба гуфтаи як пирамард
Аз пирамард пурсиданд?
- Чаро занҳо ба осонӣ ва бидуни ангеза гиря мекунанд?
Пирамард андаке таваққуф карду гуфт:
- Ҳангоме, ки Худованд (ҷ.ҷ.) занро офарид, шонаҳои вайро неруманд ва мустаҳкам сохт, то битавонад ҳама ҷаҳонро ба дӯш бардорад, то сари ҳама ҷаҳон рӯи он шонаҳо ором гирад.
Оғӯшашро гаҳвора сохт, то ҷаҳон дар оғӯшаш бузург шавад. Ба вай сабри дарунӣ ва тани неруманд дод, то ҳангоми таваллуд кардан дардро таҳаммул кунад.
Ба вай умед дод, то ҳангоме, ки ҳама ноумед шуданд, ба роҳ идома диҳад.
Худо (ҷ.ҷ.) занро аз устухони синаи мард офарид, то сипаре ба дили мард шавад, ба вай отифа дод, то хонаводаашро нигаҳдорӣ кунад.
Ба вай сабри бузурге дод