Бар санги кабри ман бинависед, хаста буд,
Ахли замин набуд, намозаш шикаста буд.
Бар санги кабри ман бинависед, шиша буд,
Танхо аз ин назар, ки саропо шикаста буд.
Бар санги кабри ман бинависед, пок буд,
Чашмони у, ки доимо аз ашк шуста буд.
Бар санги кабри ман бинависед, ин дарахт,
Умре барои хар табару теша даста буд.
Бар санги кабри ман бинависед кулли умр,
Пушти даре, ки боз намешуд, нишаста буд......