Дуст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.
Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.
Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият меб