Овоз медиҳам, ки ҳамовои ман шавӣ, Дил мебарам, ки ёри дилорои ман шавӣ. Кай бо пари шикаста нишинам ба рӯи хок, Парвоз мекунам, чу пари вои ман шавӣ. Бо он тани сафеди ба монанди нури моҳ, Эй кош, ширмоҳии дарёи ман шавӣ. Танҳо ба хоб бинамат аз равзани хаёл, Кай мешавад, фариштаи руъёи ман шавӣ? Юсуфи ишқи ту шудаму розиям аз ин, Оё намешавад, ки Зулайхои ман шавӣ? Танҳо туӣ муроди ман аз дидани ҷаҳон, Хуш бод, агар баҳори тамошои ман шавӣ!