🔷Овози Азон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Шайтон ба фиғон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Масҷид мунаввар шуд, 🌸Аз ишқ муаттар шуд. 🔷Хуршеди замон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Ёрон ба бари ёрон, 🌸Яктан шудаву якҷон. 🔷Ислом ба миён омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Аз булбули хушилҳом, 🌸Чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон. 🔷Шури дилу ҷон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, 🌸Нур аст ба дил беҳад. 🔷Имон ба амон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Бар хайру сахо бингар, 🌸Бар рузи шаке н-овар. 🔷Сад файз ба хон омад, 🌸Моҳи Рамазон омад. 🔷Дар сина такон бишнав, 🌸Илҳоми ниҳон хамрав. 🔷Шеърат бихонам акнун, 🌸Мохи Рамазон омад.