Дар кучахои сард ба танхои,
Паймуда рохи дард ба танхои,
Меёфтам аз дарахти ниёзи хеш,
Чун баргхои зард ба танхои.
Танхои тирагист вале дунё,
Бо одамош тиратар аз ин аст.
Дар шонахои хастаам эй мардум,
Гулвори пора -пораи насрин аст.
Аз ман бирафт хар чи ки дар ман буд,
Аз ман бирафт шавки шукуфтанхо,
Аз ман бирафт умеди фардоям,
Аз ман бирафту мондаам танхоооооооооооооооооо......
Дур аз хама чарохати калбамро,
Бо нолахои талх даво бахшам.
Хомушихои хонаи сардамро....
Бо гиряхои хеш садо бахшам.
Эй норафики хандаи шабнамхо,
Хуршедро рабудани ту дар чист,
Охир барои ман ки пур аз охам...
Дунёи гуссахои худам кофист!