Устод Лоиқ :
Дар сари гўр
Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам,
Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам.
Пеш-пеши наварўсу дастаи машъал ба даст
Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам.
Ном мемондӣ ба ниййат бар ҳама навзодҳо,
Рахт меоростӣ дар тўи навдомодҳо.
Тоҷи тиллои арўсонро ту мебастӣ мудом,
Атр меомехтӣ бар накҳати гулбодҳо.
Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр,
Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр.
Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз
Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр.
Бегулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро,
Дошта аз дасти ман, шодона мебурдӣ маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро.