Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам, ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишrи он сарви равон гӯӣ равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзашт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.
Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ
Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад.
Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони ноза