Рузе маро гуфтанд: у дустат медорад. Гуфтам: уро низ дуст медорам беш аз чонам. Рузе маро гуфтанд: у дигареро дуст медорад. Гуфтам: уро наметавонам дошт. Маро гуфтанд: у ба шавхар баромад. Гуфтам: бигзор хушбахт бошад Рузе бигуфтанд: у фарзанде ба дунё овард ва номи туро ниход. Гуфтам: бигзор умри дароз бинаду хушбахт ба воя бирасад. Вале рузе маро гуфтанд: у вафот кард. Гуфтам: у осон бирафт. Гуфтанд: чаро? Гуфтам: ман хар лахзае,ки аз у чихaбаре мешунидам,хар бор мурдаву зинда мешудам ва у танхо як бор бимурду халос.