Хикоят кунанд аз бузургони дин,
Хакикатшиносон айн ул якин
Ки сохибдиле бар паланге нишаст,
Хаме ронд рохраву море ба даст.
Яке гуфташ ей марди рохи Худой
Бар ин рах ки рафти маро рох намой,
Чи карди ки дарранда роми ту шуд
Нигини саодат ба номи ту шуд
Бигуфт:Агар палангам забун асту мор
Вагар филу каргас шигифти мадор,
Ту хам гардан аз хукми довар мапеч
Ки гардан мапечат,зи хукми ту хеч,
Чу хоким ба фармони довар бувад
Худояш нигахбону ёвар бувад
Мухол аст ,чун дуст дорад туро,
Ки дар дасти душман гузорад туро.
Рах ин аст,руй аз тарикат матоб
Бинех гому коме,ки дори биёб,
Насихат касе судманд оядаш
Зи гуфтори Саъди писанд оядаш.