Тифл дар миёни ќабрхо Умар (р) хангоми баррасии умури раийят, нигохаш ба марде афтод, ки фарзандашро ба дўш гирифта буд ва он тифл ба падараш чун як себи ду кафон монанди дошт. Умар (р) ба он падару писар бо диќќат нигариста, гуфт: - харгиз чунин тифли ба падараш монандро пеш аз ин надида будам. Падари он тифл гуфт: - Ќасам ба Худо, эй амиралмўъминин, ин тифлро модараш дар ќабр таваллуд кард. хазрати Умар (р) бо тааччуб гуфт: - Вой бар ту, чи гуна дар ќабр таваллуд кардааст?! Мард гуфт: - Ман хамрохи лашкар сафар карда будам ва хамсари хомилаам дар хона танхо монд. хангоми видоъ ба хамсарам гуфтам, ки тифли дар батнат бударо чун амонат ба Худо месупорам. Ваќте ки аз сафар баргаштам, хабардор