Кучо васфи ту меорам, ба ҷо ман ё Расулаллоҳ. Дар ин олам ҳама мардум, ба суйи айш мекушанд, Бигардон ин дили моро, ба суят ё Расулаллоҳ. Даруни кулбаи эҳсон, ба ёдат зор менолам, Ки шояд як назари соки, ба суям ё Расулаллоҳ. Сарам дар болини маргу, забонам лол мемонад, Ба номи ту шавад ҷори, забонам ё Расулаллох. Либоси бе остин пушанд, замони рафтан аз дунё, Савори аспи чубин шафоат кун, ё Расулаллоҳ. Намози бе азон хонанд, дар он соат барои ман, Ба зери хок танхоям ,бигир дастам ё Расулаллоҳ. Даруни гури торик, ду малоик пурсанд диннат чист? Бигуям динам Ислом, гувоҳи ман ё Расулаллоҳ. Ҳама во нафси мегуянд, ба ҳоли хеш саргардон, Кучо ёбам дар он соат, туро ман ё Расулаллоҳ.