Забони мо як ном дорад ва он порсӣ аст. "Дарӣ" сифати забони порсӣ ба маънои дарборӣ ё расмӣ аст. Ва "забони тоҷикӣ" як истилоҳи сиёсист, ки дар соли 1928 ба дастури Маскав ҷойгузини "забони порсӣ" шуд. Номи ин забон дар Қонуни Асосии Тоҷикистон ба гунаҳои зер тағйир кардааст: форсӣ, тоҷикӣ, тоҷикӣ (форсӣ), форсӣ (тоҷикӣ), тоҷикӣ. Аммо моҳияти он ҳамоно порсӣ мондааст.
Бисёранд милале, ки номи расмишон бо номи забонашон ҳамхонӣ надорад. Миллат: эронӣ, забон - форсӣ. Миллат: афғон(истонӣ), забонҳо: дарӣ (форсӣ), пашту. Миллат: омрикоӣ, забон: инглисӣ. Миллат: бритониёӣ, забон: инглисӣ. Миллат: мисрӣ, забон: ъарабӣ. Миллат: белжикӣ, забон: фаронсавӣ. Миллат: берзилӣ, забон: пуртуғолӣ. Миллат: